Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 90-солагии Осорхонаи таърихии вилоятӣ конфронс доир шуд
Хуҷанд, 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Соли равон ба таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 90 сол пур мешавад. 17 май ба ифтихори ҷашни 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ» конфронси илмӣ доир гардид.
Дар конфронс муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, муовини вазири фарҳанги ҶТ Обидҷон Назаров, раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф, намояндаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Темурзода Бахтовар, омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, ҳамчунин олимону адибон, роҳбарон ва устодони донишгоҳҳои вилоят, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, собиқадорон ва кормандони Осорхонаи таърихии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки Осорхона оинаест, ки барои ҳар фарди миллат, алалхусус меҳмонони хориҷӣ, дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки тоҷиконро бозгӯ намояд. Дар қисмати дуюми илмии конфронс олимону донишмандон оид ба таърих ва таъсиси ин осорхона маърӯза карданд.