Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 18 ширкати Ҳиндустон намоишгоҳи молҳо оғоз гардид
Хуҷанд, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд 4 май дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон ифтитоҳ гардид, ки он то 12 май идома меёбад.
Бино ба иттилои муовини сарвари Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилов, дар намоишгоҳи мазкур 18 ширкати кишвари Ҳиндустон, назири «Indo Russiа Expo», «Goodline Internatsional», «Khurram internatsional», «Noor Internatsional» ва дигар ширкату корхонаҳо маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои Ҳиндустон маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт ва ҳунарҳои дастиро ба маърази умум гузоштаанд.