Дар Тоҷикобод Фестивал-озмуни Андалеб — 2016 баргузор шуд
Тоҷикобод, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 400 нафар ҷавонону фаъолон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2016» доир гардид. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар озмуни мазкур ҷавонону наврасони лаёқатманду боистеъдоди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуда, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои миллиро тавассути рақсу сурудҳои дилангез, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ки инъикоскунандаи анъанаҳои бойи миллати тоҷик мебошанд, ба намоиш гузоштанд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод баҳои баланд доданд.