Дар участкаи раъйпурсии №1 то соати 10 пагоҳӣ зиёда аз 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян карданд

Май 22, 2016 11:16

Душанбе, 22.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҳамаи участкаҳои интихоботии кишвар  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур,  ки дар бинои Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 воқеъ гардидааст, 1 ҳазору 450 нафар  овоздиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 7 нафари онҳо бори аввал раъй медиҳанд.
Ба иттилои аъзои комиссияи участкаи мазкур  Майсара Ҷураева, то соати 10 пагоҳӣ зиёда аз 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян намуданд.
Майсара Ҷураева афзуд, ки иштироки васеи мардум дар раъйпурсӣ, алалхусус фаъол будани ҷавонон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо,  суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Ба иттилои ӯ, дар раъйпурсӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе пешсаф буда, то ин дам 150 нафари онҳо аллакай омада овози худро доданд.
«Дар участкаи мо 18 нафар пирони барҷомонда ба қайд гирифта шудаанд, ки то бегоҳ ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро низ мегирем», гуфт М. Ҷураева.
То ин соат дар раъйпурсӣ шахсони номдори кишвар-депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм  Гулафзо Савриддинова, вакили мардумӣ Абдуазиз Ҷабборов ва  профессор  Фахриддин Мирзоаҳмедов, ки дар қайди участкаи раъйдиҳии №1 ҳастанд,низ иштирок намуданд.

Май 22, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст