Дар участкаи раъйпурсии №1 то соати 10 пагоҳӣ зиёда аз 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян карданд
Душанбе, 22.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи участкаҳои интихоботии кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар участкаи раъйдиҳии №1-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар бинои Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 воқеъ гардидааст, 1 ҳазору 450 нафар овоздиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки 7 нафари онҳо бори аввал раъй медиҳанд.
Ба иттилои аъзои комиссияи участкаи мазкур Майсара Ҷураева, то соати 10 пагоҳӣ зиёда аз 40 фоизи раъйдиҳандагон мавқеи худро муайян намуданд.
Майсара Ҷураева афзуд, ки иштироки васеи мардум дар раъйпурсӣ, алалхусус фаъол будани ҷавонон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Ба иттилои ӯ, дар раъйпурсӣ кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе пешсаф буда, то ин дам 150 нафари онҳо аллакай омада овози худро доданд.
«Дар участкаи мо 18 нафар пирони барҷомонда ба қайд гирифта шудаанд, ки то бегоҳ ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро низ мегирем», гуфт М. Ҷураева.
То ин соат дар раъйпурсӣ шахсони номдори кишвар-депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм Гулафзо Савриддинова, вакили мардумӣ Абдуазиз Ҷабборов ва профессор Фахриддин Мирзоаҳмедов, ки дар қайди участкаи раъйдиҳии №1 ҳастанд,низ иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






