Дар Ваҳдат бо донишҷӯён мулоқоти судманд доир шуд
Ваҳдат, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон вохӯрии намояндагони Прокуратураи шаҳри Ваҳдат бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр баргузор шуд. Дар вохӯрӣ масъулин роҷеъ ба мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона сухан гуфтанд. Ёрдамчии прокурори шаҳр Ҷонибек Маҳмудзода зикр намуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷавобгӯи рушди кунунии давлат ва ҷамъият буда, бо мақсади таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иштироки фаъоли шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат равона шудаанд.
Директори Коллеҷи тиббӣ, ҳамзамон раиси камиссияи ҳавзавии №5 Маҳмад Муродов иброз намуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ба муътадилсозии вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд ва Тоҷикистон дар ҳар марҳилае, ки ба Конститутсия тағйиру илова ворид кардааст, он ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, вобаста ба шароит мукаммал шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






