Дар ВКД мусобиқаи кушоди «футболи хурд» оғоз ёфт
Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт маросими расмии кушодашавии мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» миёни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии клуби футболи «Истиқлол» ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, то 31-уми майи соли равон идома меёбад.
Муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов баргузории мусобиқаро, ки сарчашма аз ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилию дӯстии байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мегирад, ба ҳамаи иштирокдорон табрик намуда, гуфт, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари дорои донишу малакаи хуби касбӣ будан, инчунин бояд рӯҳан ва ҷисман обутобёфта ва неруманд бошанд.
Дар бозии нахустин дастаҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳам бозӣ намуда, бо ҳисоби 6:2 дастаи РМЗҶМ ғолиб омад. Бозии дастаҳои Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Воҳиди махсус бо ҳисоби 8:0 ба фоидаи дастаи Воҳиди махсус анҷом ёфт. Дар бозии дигар Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД бо ҳисоби 3:1 дастаи ШВКД дар ноҳияи Ҳисорро мағлуб сохт. Ҳамчунин дастаи «Динамо» бо ҳисоби 8:1 ба дастаи Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ дастболо гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маросими кушодашавии мусобиқаи «Футболи хурд» ҳамчунин намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар мусобиқа 24 даста аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор зергурӯҳ иштирок доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






