Дастаи варзишии Коллеҷи тиббии Хуҷанд беҳтарин даста дар Спартакиада гардид
Хуҷанд. 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Аз 13 то 15 майи соли равон дар чор толори варзишии шаҳри Душанбе Спартакиадаи 10-ум байни коллеҷҳои тиббии кишвар доир гардид. Дар ин мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ намояндагони 23 коллеҷи тиббии тамоми манотиқи кишварамон иштирок ва байни худ қувваозмоӣ намуданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз шуъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ин навбат дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ вилояти Суғдро 7 даста аз коллеҷҳои тиббии қаламрави вилоят намояндагӣ намуданд.
Варзишгарони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар ин чорабинии варзишӣ, ки аз рӯи чор намуд- волейбол, баскетбол, футболи хурд ва тенниси рӯимизӣ ҷараён гирифт, маҳорати хуб нишон дода, дар натиҷа соҳиби чор медали тилло гашта, дар ҳисоби байни дастаҳо мақоми аввалро сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки дастаи варзишгарони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд соли чорум аст, ки бо иштироки худ дар спартакиадаи мазкур маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, байни 23 дастаи варзишии коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриамон мақоми аввалро сазовор мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






