Деваштич: Сокинон дар раъйпурсӣ фаъолона иштирок доранд
Душанбе, 22.05.16. /АМИТ «Ховар»/.Дар участкаи раъйпурсии рақами 41-и ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд барои баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳоло шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар раъйпурсӣ иштироки фаъолона доранд гуфт раиси участка Мирзо Мирзоев.
Дар ин участка 2941 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд ва то соати 10-и рӯз беш аз 800 нафар сокинон раъй додаанд. Ба иттилои Мирзо Мирзоев, овоздиҳии сокинон идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.