«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» — вохӯрӣ бо иштирокдорони ҶДҶ дар Фархор
Душанбе, 05.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор ба муносибати 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вохӯрии ҷавонони ноҳия бо 16 нафар иштирокдори ҷанг ва ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» баргузор гардид.
Ҷавонони ноҳия дар навбати аввал ба хотири пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг ва изҳори сипос ба онҳо барои муҳофизати Ватан дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳия Раҳимзода Раъно, раиси ноҳияи Фархор туҳфаҳои пулии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокдорони ҷанг супорид.
Иштирокдорони ҷанг аз иқдомҳои наҷиби давлату Ҳукумати мамлакат бобати мусоидат ба таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, ба ҷамъомадагон аз саргузашти худ дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанг ва қаҳрамонии халқи тоҷик дар ҶДҶ қисса намуда, ҷавононро ба дӯст доштану муҳофизати Ватан ҳидоят намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






