Фаҳмонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба сокинони Норак
Норак, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар шаҳри Норак вохӯриҳои намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо аҳолии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Дӯконию Пули Сангин баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Валӣ Ваҳобов ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадборон Зоиров роҷеъ ба мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.