Фардо Шукурҷон Зуҳуров ба Русия меравад

Май 16, 2016 11:32

Душанбе, 16.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Фардо, 17 май раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Русия сафар менамояд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳамзамон ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, оид ба фарҳанг, туризм ва варзиш, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, инчунин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ва форуми VI-уми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё» доир гардида, дар онҳо масоили таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ матраҳ хоҳанд гашт.

Май 16, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш