Фестивал озмуни «Андалеб 2016» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар байни ҷавонону наврасон, дирӯз дар Хонаи фарҳанги ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фестивал- озмуни «Андалеб 2016» баргузор шуд.
Дар озмуни мазкур ҷавонону наврасони лаёқатманд ва боистеъдоди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуда, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои миллиро аз тариқи рақсу сурудҳои дилангез, саҳна ва намоишномаҳои ҷаззоб, ки инъикоскунандаи анъанаҳои бойи халқи тоҷик мебошанд, ба намоиш гузоштанд.
Иштирокдорони Фестивал-озмун барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши фарҳанги ноҳия сарфароз гардонида шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






