Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ ба кӯдакону наврасон туҳфа дод
Хоруғ 5. 05. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаб-литсеи Оғохон бо ибтикори шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят даври сеюми озмуни «Эҷодкори беҳтарин» баргузор гардид. Сардори шуъбаи мазкур Анвар Шолангаров гуфт, ки озмун ба 19-солагии Ваҳдати миллӣ бахшида шуд ва ба он кӯдакону наврасон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят маҳсули эҷоди худро пешниҳод карданд. Ҳангоми баҳогузорӣ аён гашт, ки аксарияти кӯдакону наврасон бо омилу сабабҳои сар задани сӯхтор ошно ҳастанд ва дар расмҳо дар рӯи коғазу матоъ ва макетҳои ихтироъкардаашон роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин офатро нишон додаанд. Кӯдакону наврасон расмҳои худро шарҳу тавзеҳ дода, ба суолҳои иловагии ҳакамон низ посухи дуруст доданд.
Дар баргузории озмун шуъбаи маорифи вилоят ва ширкати суғуртаи давлатӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Ғолибон бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ сарфароз гардида, барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.