КМИР мушоҳидони байналмилалӣ аз СҲШ, ИДМ ва АБП ИДМ-ро аккредитатсия кард
Душанбе, 6.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкоро дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода шуда буд.
Дар ҷаласаи имрӯза мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Аз рӯи он намояндаи Созмони ҳамкории Шанхай, 62 намоянда аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 29 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо тартиби муқарраргардида аккредитатсия карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супорида мешавад.
Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад.
Ҳамзамон мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ин бора қарори дахлдор қабул карда, нусхаи қарори мазкурро ба мақомоти марбута ирсол намуд. Инчунин бо мақсади таъмини шаффофияти корҳои ташкилии гузаронидани раъйпурсӣ гузориши раисони комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии Фирдавсӣ №1 ва Сино №4 оид ба иҷрои нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






