Конфронс: Масоили консептуалии рушди давлатдорӣ ва ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол

Май 17, 2016 10:13

Душанбе, 17.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявиро бахшида ба 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 май дар мавзӯи Масоили консептуалии рушди давлатдорӣ ва ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор менамояд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти АИ ҶТ дар конфронси мазкур масъалаҳои истиқлолияти давлатӣ ва хусусиятҳои он, давлатдорӣ ҳамчун падидаи сиёсию ҳуқуқӣ, масоили сиёсию ҳуқуқии анъанаи давлатдории таърихии тоҷикон, масъалаҳои назариявии рушди давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар даврони истиқлолият мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Маводи конфронс дар шакли маҷмӯаи илмӣ чоп мешавад.
Иштирокдорони конфронс бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маърӯза хоҳанд кард.

Май 17, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ