Кормандони ВКД 3 шаҳрвандро бо зиёда аз 34 кило маводи нашъадор дастгир намуданд
Душанбе, 13.05.16./АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯшон ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ин шаҳрванд 10 килою 852 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дирӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошини сокини ноҳияи Ҳамадониро боздошт намуданд, ки ҳангоми азназаргузаронии он 20 кило маводи нашъадори навъи ҳашиш мусодира карда шуд. Баъдан, ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии номбурда, кормандони милитсия боз 1 кило маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт намуданд.
Ғайр аз ин, ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети полиэтиленӣ 2 килою 300 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Маводи гирифташуда дар маҷмӯъ 34 килою 152 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






