Лоиҳаи нави ФАО: Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ
Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба амалӣ намудани лоиҳаи нав «Идоракунии обёрӣ бо назардошти хизматрасонӣ», ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва навсозии низоми обёрии Тоҷикистон равона шудааст, оғоз мекунад.
Баҳрабарандагони бевоситаи лоиҳаи мазкур, ки маблағаш 468 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар зарфи ду сол амалӣ мегардад, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзои ассотсиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар низоми обёрии канали Говкуши ноҳияи Ваҳдат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва ноҳияи Файзобод ба ҳисоб мераванд.
«Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи истифодарандагони об дар идораи захираҳои обӣ ва аз худ кардани таҷрибаи беҳтарини ФАО дар баланд бардоштани даромаднокии кишоварзии обёришаванда мусоидат менамояд», — мегӯяд Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Виорел Гутсу.
Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур як қатор тадбирҳо оид ба коркарди сиёсат ва усули ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии ФАО дар масъалаҳои навкунии низомҳои обёрӣ ташкил карда мешаванд.
Барои деҳқонон тренингҳо барои тренерон (ТОТ) дар мавзӯи идораи захираҳои обӣ ташкил карда мешаванд. Барои гидротехникони ассотсиатсияҳои маҳаллии истифодабарандагони об ва Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об омӯзишҳо оид ба истифода ва хизмати низомҳои обёрӣ гузаронида мешаванд. Барои боз ҳам босамар ҷорӣ гаштани лоиҳа, ФАО таҷҳизоти дахлдор, аз ҷумла, 2 экскаватор, харитаи дастии GPS ва асбоби GPS, ҳамчунин воситаҳои махсуси кишоварзӣ, асбобҳои дастӣ ва таҷҳизоти компютериро харидорӣ менамояд.
Барои хизматрасонии машваратӣ ба истифодабарандагони об ФАО ба ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва кооперативҳое, ки дар самти мазкур фаъолият меварзанд, сайъ мекунад.
Ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ дар таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ даъват карда мешаванд.
ФАО бо Федератсияи ассотсиатсияи истифодабарандагони об, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои донишпаҳнкунанда, ташкилотҳои ғайридавлатии дахлдор ҳамкорӣ мекунад ва коршиносони беҳтарини маҳаллиро ҷалб менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






