Маҳфили фарҳангию бадеӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар Норак
Норак, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаи шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили фарҳангию бадеӣ бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони муассисаҳои фарҳангӣ, китобдорону китобдӯстон баргузор гардид.
Дар маҳфил дастпарварони маҳаллаҳои Энергетик, Тутқавул ва деҳаи Чашма ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҷавонон саҳначаҳои тарбиявию адабӣ дар васфи Пешвои миллат ва ватандӯстиро ба ҳозирон намоиш дода, ҷиҳати гиромидошти «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аз он порчаҳо қироат намуданд.