Мақсади «Дастони моҳир» эҳёи ҳунарҳои миллист
Хоруғ, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ВМКБ даври сеюми озмуни «Дастони моҳир» баргузор гардид, ки дар он наздики 50 нафар ҳунармандони наврас ширкат варзиданд. Директори маркази мазкур Шоҳзода Саидиброҳимов баён дошт, ки озмуни имсола ба ду ҷашни муҳим- Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида мешавад. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дигар расму анъанаҳои мардуми тоҷик маҳз ба ин ду ҷашни бузург робитаи қавӣ доранд.
Хонандагон аз рӯи намудҳои ҳунарҳои миллӣ, амсоли бофандагию кашидадӯзӣ ва мӯҳрабофӣ байни худ рақобат карданд.
Фотимаи Фурқат, як тан аз ширкаткунандагони ин озмун аз ноҳияи Дарвоз гуфт, ки бофандагиро аз овони кӯдакӣ аз модарам омӯхтам ва баъдтар узви маркази эҷодии кӯдакону наврасон шудам. Дар ин ҷо ба мо мутахассисони касбӣ нозукиҳои ин шуғли аҷдодиро меомӯзанд. Ман бори сеюм аст, ки дар чунин озмун ширкат меварзаму дар озмунҳои қаблӣ мақоми дуюмро ишғол намудам ва умедворам имсол ҷои аввалро аз они худ кунам.
Ғолибони ин даври озмун бо мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд ва ба даври чаҳорум, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






