«Манчестер Юнайтед» ғолиби Ҷоми Англия гардид
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи«Манчестер Юнайтед» баъд аз мушкилию нокомиҳои тӯлонӣ дар мусобиқоти Примйер Лигаи Англия, билохира табъи сармураббии ҳолландии худ Луи Ван Гал ва кулли мухлисонашонро шод намуд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Англия тимҳои футболи «Манчестер Юнайтед» ва «Кристалл Пелас» хеле ҷолибу ҷозиб бо ҳам неру озмуданд ва дар ниҳоят ҷоизаи асосӣ насиби дастаи «Манчестер Юнайтед» гардид.
Бозии ниҳоии Ҷоми Англия дар варзишгоҳи маъруфи «Уэмбли» -и шаҳри Лондон баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 ҷамъбаст шуд. Голи задаи Ҷейсон Панчон дар қисми дуюми бозӣ дастаи «Кристалл Пэлас»-ро ба пеш баровард, аммо дар дақиқаи 81-уми вохӯрӣ Хуан Матта ҳисобро баробар намуд.
Вақти асосӣ анҷом ёфту ҳисоби бозӣ тағйир наёфт ва довар 30 дақиқаи дигар илова намуд. Дар дақиқаи 105-уми бозӣ муҳофизатгари марказии «Манчестер Юнайтед» Крис Смоллинг барои ду корти зард гирифтанаш аз майдон ронда шуд ва баъд аз 5 дақиқа Ҷесси Лингард голи ҳалкунандаро ба дарвозаи «Кристалл Пэлас» ворид намуду пирӯзии дастаашро дар ин рақобати мушкил таъмин сохт.
Ҳамин тариқ, дастаи «Манчестер Юнайтед» баъд аз 8 соли танаффус боз барандаи Ҷоми Англия гардид. «Манчестер Юнайтед» маротибаи 12-ум аст, ки Ҷоми Англияро соҳиб мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






