Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе
Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Андреас Пешке машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд.
Дар машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, маориф, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Олмон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳои авлавиятноке, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Олмон мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






