Машварат оид ба пешгирии шомилшавӣ ба равияҳои ифротгаро дар Суғд

Май 31, 2016 08:07

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо ходимони дин, сархатибон, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва мудирони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохӯрӣ ва машварати омӯзишӣ баргузор намуданд.
Дар машварати мазкур муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, декани факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Абдураҳим Каримов иштирок ва сухан карданд.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов сабабу омилҳои гаравидани сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба гурӯҳҳои тундрав тавзеҳ дода, бо овардани мисолҳо аз ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ зикр намуд, ки яке аз сабабҳои аслии он паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо мебошад. Номбурда дар идомаи суҳбаташ вазъи шомилшавии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди баррасӣ қарор дода, сабаби дигари онро бетарафии ҷомеа, махсусан ходимони дин ва имомхатибон унвон кард.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода таъсири манфии терроризмро ба мавқеи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, махсусан Тоҷикистони соҳибистиқлол хатарзо унвон намуд. Аз тамоми иштирокдорони машварат, махсусан ходимони дин хоҳиш намуд, то ки дар пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич ба роҳ монда, саҳми хешро дар решакан намудани ин падидаи номатлуб гузоранд.
Дар машварат ҳамчунин раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ ҳарф зад. Номбурда ҳамчунин аҳкоми шариати дини Исломро барои шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мешаванду хуни ноҳақ мерезанд, шарҳ дод. Вай гурӯҳбозиву тафриқаандозии ташкилотҳои террористиро, ки аз номи дини мубини Ислом баромад мекунанд, маҳкум намуда, зикр кард, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» ба нестшавии миллат ва давлат оварда мерасонад.
Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абдураҳим Каримов, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, имомхатиби масҷиди Понғози ноҳияи Ашт Мулло Абдураҳим аз оқибатҳои нохуши шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ихтилофангез ва ифротгаро ҳушдор доданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Май 31, 2016 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд