Минатдории гирандагони стипендияи президентӣ ба Пешвои миллат
Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. 11-уми май дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони мамлакат Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита бо гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Зикр шуд, ки ҳавасманд намудани муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нишони пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ва ғамхориҳои беназири давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба барандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ шаҳодатнома ва стипендия (380 сомонӣ ҳар моҳ) супорид.
Гирандагони стипедияи президентӣ дар навбати худ минатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти кишвар ва ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд.
Дар соли хониши 2015-2016 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 300 нафар донишҷӯ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар ба гирифтани стипендияи Президенти ҷумҳурӣ ноил гардидаанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






