ММТ: Аз 20 то 30 июн даври дуюми бақайдгирии довталабон муайян шудааст
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрели соли равон даври аввали бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Тавре Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мувофиқи маълумоти омории пешакӣ шумораи довталабоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштаанд, ҳудуди 83 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба довталабони соли 2015 қариб 10 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Даври дуюми бақайдгирии иловагӣ аз 20 то 30-юми июн ба нақша гирифта шуда, дар он довталабоне иштирок карда метавонанд, ки бо сабабҳои гуногун натавонистанд дар даври аввал аз қайд гузаранд.
Тибқи иттилои Абдувосид Юлдошев, нафароне, ки хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудаанд, метавонанд ба гурӯҳи имтиёздорон шомил шаванд.
Ҳамчунин ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ишғол намудани ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз 90 то 100 холро ба даст овардаанд, бо гирифтани роҳхат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ё он донишгоҳ дохил мешаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






