Муаррифии китоби «Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 4 майи соли равон дар Китобхонаи марказӣ ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд муаррифии китоби Усмонҷон Ғаффоров ва Нӯъмонҷон Ғаффоров «Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» баргузор шуд.
Китоб роҷеъ ба корнамоиҳои беш аз се ҳазор хистеварзиён дар майдони ҷанг ва ақибгоҳ, аҳволи модароне, ки фарзандонашон дар ҷанг нобуд гаштаанд, нақл мекунад. Бояд зикр намуд, ки сарчашмаҳои китоби мазкур мавод, санаду ҳуҷҷатҳо ва хотироти пайвандони иштирокдорони ҷанг мебошанд.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров аз сермаҳсултарин устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров эътироф гардида, то ба имрӯз беш аз 80 китоби мавсуф ба нашр расидааст.