Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология

Май 20, 2016 12:03

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмии Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология баргузор шуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти АИ ҶТ ба АМИТ Ховар хабар доданд,  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо таҷлили ҳафтаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода нақши ҷавононро дар илми муосир ёдрас намуд.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс 4 маърӯзаи илмӣ муҳокима карда шуд.
Конфронс кори худро дар бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ идома бахшида, 28 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби олимони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми кори конфронс қарордоди дахлдор қабул карда шуд, ки дар он фаъолияти минбаъдаи олимони ҷавони муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ИДМ дар густариши ҳамкории судманди илмӣ дарҷ гардид.

Май 20, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад