Нахустнамоиши филми «Будан» пагоҳ доир мегардад

Май 27, 2016 14:41

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар хонаи «Синамо» нахустнамоиши филми Рустам Маилов бо номи «Будан» ба намоиш гузошта мешавад.
Ба иттилои раиси иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов филми мустанади «Будан» аз  саргузашти як ҷавони дорои мақому манзалат, ки мехоҳад ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ пайдо намояд, ҳикоят мекунад.
Филми достонии «Будан» ҳудуди 30 дақиқаро дар бар гирифта, нақшҳои асосиро ҳунарманди ҷавон Сулаймон Муҳаммадҷонов, Лола Абдуллоева ва Шуҳратшо Раҳматуллоев офаридаанд.

Май 27, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш