Нериё Аминов Тоҷикистонро ватани аслии хеш ҳисоб мекард

Май 23, 2016 16:58

Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 100-солагии ҳунарманди мумтози сабки «Шашмақом» Нериё Аминов барномаи фарҳангӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагони «Шашмақом» баргузор мегардад.
Саҳми Нериё Аминов дар рушди мусиқии суннатии тоҷикон-«Шашмақом» басо назаррас аст. Ӯ бо шеваи фаҳмову возеҳ ва услуби хос анъанаҳои шашмақомхониро идомаю такмил бахшидааст. Дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик суруду таронаҳои мавсуф, аз қабили «То боди сабо», «Чи донӣ», «Зулфи парешон», «Гиря», «Хубрӯён», «Насруллоӣ», «Шаҳноз», «Даромади ушшоқ» даҳсолаҳост садо дода, хотири мухлисони ин санъати асилро шод мегардонад.
Нериё Аминов аз зумраи саршиносони санъати касбии мусиқии тоҷик ба ҳисоб рафта, қариб тамоми умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба мардуми Тоҷикистон намудааст. Ӯ аз 80 соли умри худ 60 соли онро дар Тоҷикистон гузаронида,  онро ватани аслии хеш ҳисоб мекард.

Май 23, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст