Ноболиғ 4 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ноболиғ МУ-ро бо моддаи 249 қисми 3 банди а-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) сол, бо адо намудан дар муассисаҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ таъйин кард.
Ин ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ бо Н. И., 30 октябри соли 2015, тахминан соати 22:00, дари даромадгоҳи ҳуҷраи муваққатан истиқоматии шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Мехмет Юлмаз Ҳусейн, суроғааш кўчаи М. Турсунзода-13/23 ҳуҷраи 5-ро кушода монда, бо телефони мобилиаш ба И. Нусратзода барои амалӣ намудани кирдори ҷинояткоронаашон занг зада, хабар мерасонад, ки Н. И. вориди хона гардад.
Сипас, Н. И. бо корди дар даст доштааш вориди хонаи мазкур гашта, ба ҷониби Мехмет Юлмаз ҳамла менамояд. Номбурдаро лату кӯб намуда, ба замин меафтонад ва бо корд ба қисмати рони пойи чапаш мезанад, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш меравад.
Н. И. ҳамроҳи ноболиғ Умия Маматқулова ҳуҷраи мазкурро кофтуков намуда, 7100 доллари ИМА ва телефони мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 350 сомонӣ аст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






