Қоҳир Расулзода аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дидан кард
Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 28 май бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 шинос шуд.
Марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мГвт дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардида, тибқи нақша то оғози давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар айни замон корҳои бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, марҳилаи дуюм ба андозаи беш аз 75 фисад ба анҷом расида 90 фоизи таҷҳизоти зарурӣ аллакай дастрас шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмони иншооти асосии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ, ҳамчунин аз маҳалли бунёди нуқтаҳои марказии тақсимоти гармӣ ва шоҳқубурҳои интиқоли гармӣ дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва мавзеи бунёди анбори нигоҳдории ангишт барои 450 ҳазор тонна дидан кард.
Таъкид гардид, ки дар айни замон дар корҳои сохтмони иншооти асосии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва чинӣ ҷалб шуда, дар бунёди нуқтаҳои тақсимоти гармӣ ва шоҳқубурҳои интиқоли гармӣ зиёда аз 300 нафар коргари маҳаллӣ сафарбар шудаанд.
Натиҷаҳои шиносоӣ бо ҷараёни бунёди марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва инфрасохтори зарурии он дар ситоди сайёри корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини соҳа барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан ҳалли саривақтии масоили марбут ба таъминоти аҳолии пойтахти мамлакат бо барқу гармӣ дар мавсими сармо ва таъмини иҷрои босифати корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ ва инфрасохтори зарурии он вазифадор карда шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






