Ғолибони даври дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муайян кардани деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ муайян шуданд
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб даври дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муайян кардани деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ҷамъбаст гардид.
Муовини раиси шаҳр Саймурод Исмоилзода, ки вазифаи раиси Комиссияи мусобиқаи шаҳриро дар ихтиёр дошт, оид ба кори ҳайати Комиссия дар давраи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ маълумот дод.
Тибқи иттилои муовини раиси шаҳр деҳоти «Зарбдор», деҳаи Ҳакимободи деҳоти «Зиракӣ», маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳр, хонаи Файзулло Қурбонови сокини деҳоти «Зиракӣ» ва оилаи Мустафо Ватанови сокини деҳоти «Зарбдор» сазовори ҷойи аввали мусобиқа дониста шуда, ба даври сеюми мусобиқа, яъне вилоятӣ роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






