«Овози ту муҳим аст!» -ҳамоиш дар Варзоб
Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз оғози моҳи май ҳамоишҳо байни аҳолӣ доир мегарданд.
11 майи соли 2016 дар ноҳияи Варзоб аз ҷониби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ҳамоиши ноҳиявӣ таҳти унвони «Овози ту муҳим аст!» аз назди майдони варзишии маркази ноҳия то боғи фарҳангӣ бо шиору овезаҳо, парчаму варақаҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд.
Инчунин дар даромадгоҳи тарозуи толингии ноҳия аз ҷониби аъзои филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба аҳолӣ ва шаҳрвандон маводи тарғиботӣ вобаста ба моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақсим карда шуданд. Ҷавонон ибрози ақида намуданд, ки мо ба лоиҳаи тағиру иловаҳои қонуни бахти миллатамон- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона раъй медиҳем.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






