Пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

Май 19, 2016 10:42

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои  Маркази таълимии судяҳо дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 20 нафар судяҳои судҳои ҷумҳурӣ дар мавзўи «Принсипҳои самараноки тафтиш ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф»  машварат баргузор гардид.
Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Муродзода таъкид намуд, ки: «Дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрўза мавзўи шиканҷа дар радифи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон асосӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо риояи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд».
Дар кори семинар, ки ду рўз идома ёфт, ба ҳайси тренер-устодон роҳбари лоиҳаи «Ворид намудани принсипҳои Протоколи истанбулӣ»,  коршиноси судии тиббии Гурҷистон, коршиноси байналхалқии  ташкилоти Марказ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳайати судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, мутахассисон аз Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Май 19, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст