Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд

Май 10, 2016 07:56

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор шуданд. Натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ муҳимтарин самтҳои ҳамкории дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъйин менамоянд ва омили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар маҳсуб мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар баррасӣ мешаванд, ба ҳайси ташаббускори аслӣ ва пешбарандаи мавзӯъҳои марбут ба ҳалли қазияи Афғонистон эътироф шудааст.

То имрўз байни  Тоҷикистону Афғонистон беш аз 80 санади ҳамкории дуҷониба, ки арсаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, тайи солҳои охир ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар бо тадриҷ зиёд шудааст. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар 11 моҳи соли 2015 104,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 52,8 миллион доллар содирот ва 51,6 миллион доллар воридот мебошанд.

Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар назаррас буда, ҳамзамон панҷ пуле, ки  байни Тоҷикистон ва Афғонистон фаъолият доранд, дар тавсеаи робитаҳо ва густариши тиҷорати дуҷониба нақши муҳим мебозанд. Татбиқи барномаҳои бузурги роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва  газ, хатҳои интиқоли барқ эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим гардида, нақши транзитӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии ду кишвари дӯстро ба сатҳи комилан нав мебароранд.

Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000  ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ аз лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ барои ин ду кишвар маҳсуб мешавад. Таъмини сулҳу субот дар тамоми қаламрави Афғонистон, ки омили аслии рушди ҳамсоякишвар мебошад, дар мадди назари  сохторҳои дахлдори ду кишвар қарор дошта, дар самти муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва таҳкими сарҳад ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Афғонистон низ дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҳамсоякишвар ҳамасола 50 бурсияи давлатӣ ҷиҳати таҳсил ҷудо мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил доранд.

Май 10, 2016 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд