Президенти Африқои Ҷанубӣ эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро пазируфт
Душанбе, 16.05.2016 /АМИТ Ховар/. 13 майи соли равон дар Претория Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Хусрав Нозирӣ, ки қароргоҳаш дар Қоҳира аст, эътиборномаи худро ба Раиси Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума супорид. Сафири кишвари мо инчунин ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда, хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.
Дар таърихи муносибатҳои дипломатии ду кишвар ин бори нахуст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ таъйин мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






