Р.Бобоҷониён: Дар масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар муттаҳидии онҳо хеле муҳим аст
Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои дигаргун кардани стереотипҳо дар масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсии кишвар муттаҳид будани занон хеле муҳим аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён пас аз ҷаласаи даҳуми САҲА оид ба ченакӣ арзишҳои инсонӣ иброз намуд.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар Душанбе ҷаласаи даҳуми САҲА оид ба ченаки арзишҳои инсонӣ доир гардид. Дар ҷаласа коршиносони дохиливу хориҷӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили иштироки занон дар корҳои сиёсии кишвар, озодии баён, ҳуқуқи модару кӯдак ва вазъи занони ҳомиладорро дар зиндон баррасӣ намуданд.
Бино ба гуфтаи Раъно Бобоҷониён, ин ҷаласаи ҳарсола буда, аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Ҳукумати ҶТ мегузарад.
«Мо бевосита доир ба масъалаи иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷаласа сухан кардем. Яке аз тавсияҳои ин ҷаласа ба иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ бахшида шуда буд. Тамоми тавсияҳое, ки дар тӯли 10 сол пешниҳод гардиданд, иҷро шудаанд. Аслан масъалаи аз ҳама муҳим барои мо- ин фаъол гардонидани занон дар ҳаёти сиёсии кишвар, дигаргун кардани нуфузи занон дар сатҳи сиёсӣ, аз ҷумла кор бо донишҷӯдухтарон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсӣ мебошад. Дар ин ҷаласа занон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ иштирок доранд ва мо бо якдигар ҳамкории зич дорем, зеро як мақсадро пеш гирифтаем»,-илова нмуд мусоҳиб.
Бино ба гуфтаи Раъно Бобоҷониён барои баҳогузории воқеияти имрӯза, мо бояд ба 25 соли гузашта нигоҳ кунем. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иштироки занон дар сиёсат хеле кам буд. «Ҳатто соли 1995 дар интихобот иштироки занон ангуштшумор буд. Иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо мақсади дигаргун кардани ин вазъияти Амри Президент «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан» қабул гардид.
Минбаъд дар фаъолияти Кумитаи кор бо занон, ки бевосита ташаббускори қабули барномаҳои занон аст, дар тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занон, стратегияи миллии фаъолгардонидани нақши занон дар ҷомеа корҳои зиёд анҷом дода шуд. Мо бевосита гуфта метавонем, ки дар арсаи байналхалқӣ Тоҷикистон ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Имрӯз дар мақомоти қонунгузори кишвар агар 19% -ро занон ташкил диҳанд, дар мақомоти иҷроия ва мақомоти судӣ ин шумора 21 % мебошад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо ба ин натиҷаҳои назаррас ноил гардидем,-иброз дошт муовини раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон.
Л. Қосимова








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






