Раҳпаймоии сокинон ба хотири падарону бобоёни қаҳрамон
Хоруғ, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ раҳпаймоӣ ба хотири ёдоварӣ аз қаҳрамонию далерии иштирокдорони ҶДҶ баргузор шуд. Наврасону ҷавонон бо аксҳои ветеранҳои ҷанг аз майдони Исмоили Сомонӣ то пайкараи Аскари номаълум раҳ паймуданд. Солҳои қаблӣ пешопеши онҳо чанд нафар аз шоҳидони ин набарди беназири асри бист қадам мезаданд, аммо имсол танҳо се нафар дар ин ҷашн ширкат доштанд. Ба гуфтаи раиси собиқадорони ҷангу меҳнат аз 2,5 ҳазор сарбозони собиқ давлати шӯравӣ ба зодгоҳашон танҳо якуним ҳазор нафар баргаштанд. Холо танҳо 6 нафар аз ин родмардон зинда мондаанд, ки аз онҳо се нафарашон дар чорабинии имрӯза ширкат доранд. Ҳарчанд бо гузашти сол теъдодашон камтар мешавад, аммо корнамоӣ ва шуҷоату далерии онҳо рӯи сафҳаи таърих сабт аст ва насли имрӯзу фардо аз он баҳра мебардорад.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






