Раъйпурсии умумихалқӣ-нишонаи ҷомеаи демократӣ

Май 22, 2016 09:29

Деваштич, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрўз дар 62 гўшаи ноҳияи Деваштич маъракаи муҳими сиёсӣ  раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Даҳҳо нафар овоздиҳандагон дар саҳнаи ҳар як участкаи раъйпурсӣ сарҷамъ гашта, бо шунидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маъракаро бо дилу нияти  пок  оғоз бахшиданд. Собиқадорону мушоҳидони милливу байналмилалӣ ва ҷавонони нав ба синни овоздиҳӣ расида, аз баргузории чунин воқеоти муҳими сиёсӣ, ки ояндаи дурахшону зиндагии шоистаю рушди босуботро муайян месозад, ибрози андеша намуданд.
Сокинону овоздиҳандагони ноҳияи Деваштич барои баён намудани раъйи худ аз тариқи иштироки фаъолона дар раъйпурсии умумихалқӣ ва ба ҳамин васила роҳандозӣ намудани демократияи миллиро вазифаи худ дониста, пиру барно ба участкаҳои раъйпурсӣ ҳозир гардида истодаанд.

Май 22, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд