Роҳпаймоии 11 ҳазор нафар дар Хуҷанд ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Коститутсияи Тоҷикистон
Душанбе, 13.05.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13-уми май 11 ҳазор нафар ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон -ҷонибдори рушди босуботи кишвар» роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Намояндагони ҷавонони вилояти Суғд аз ду самти хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва аз тарафаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоӣ намуда, дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирди ҳам омаданд.
Дар ҳузури ҷавонон муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарасти тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати сулҳофаронаву ваҳдатгароёна, хирадмандонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад.
«Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои замон буда, дар густариши равандҳои демократӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, оиладорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавону наврас, ба камол расонидани инсонҳои комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши муассир дорад. Аз ин ҷост, ки иқдоми Шумо — ҷавонони саодатманди вилоят ба истиқболи ин рўйдоди муҳим, ки имрўз дар сурати роҳпаймоӣ доир гардид, бешак баёнгари он аст, ки Шумо аз ин рўйдоди бузурги сиёсии кишвар бо ихлосу меҳру саодатмандии тамом истиқбол намуда, рўҳияи баланди худро дар ин тадбири муҳим ва изҳори ҳамраъйӣ аз ин чорабинии сарнавиштсоз баён доштед», – илова намуд муовини раиси вилоят.
Дор чорабинӣ инчунин муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода низ суханронӣ намуд.
Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури ҷавонони ҷамъомада чорабинии калони фарҳангӣ баргузор шуд ва раҳпаймоии ҷавонон ба иди воқеӣ табдил ёфт. Таронаҳои марғуби миллӣ, ки ифодагари сулҳу ваҳдати пойдори тоҷикон аст, дар фазои шаҳр танинандоз ва боиси суруру шодмонии иштирокдорони раҳпаймоӣ гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки 22 майи соли равон дар Тоҷикистон раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатию рукнҳои асосии он равона гардида, ҳамзамон барои рушду мукаммал шудани он бо забони давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Дигар аз зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳамкории минбаъдаи байналмилалии кишвар тавсеа ва рушд мебахшад.
Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани раъйпурсӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, сокинони вилояти Суғд дар 18 ҳавза ва 923 участка раъй хоҳанд дод. Теъдоди раъйдиҳандагон дар вилоят 1 миллиону 377 ҳазору 509 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 40 ҳазору 600 нафар бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд.











Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






