Ронандагони мошинҳои мусофирбар аз сафар ба Хоруғ худдорӣ намоянд
Хоруғ, 13.05.2016.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳамаи ронандагони мошинҳои мусофирбари самти Душанбе-Хоруғ даъват мекунад, ки ба иллати баста будани роҳи Душанбе-Хоруғ аз сафар ба пойтахти кишвар худдорӣ кунанд. Ин роҳи мошингард бар асари боронгарии шадиди рӯзҳои 11 ва 12 уми май дар километри 291, мавзеи Гулдараи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз дар масофаи 20 метр комилан вайрон шуд. Ба гуфтаи навбатдори ситод Мансурхон Додихудоев паҳнои роҳи тахрибшуда 12 метр ва чуқурияш 20 метр мебошад. Роҳсозон аз ду тараф ба барқарор кардани роҳ машғуланд, вале боришот ҳанӯз ҳам ба кори муътадили онҳо халал мерасонад.
Навбатдори ситод гуфт, ки борони сел ҳамчунин се манзили сокинони деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумро пурра вайрон кард. Ҳашт сар моли калони шохдор, 90 сар моли майда ва 6 мошини сабукрав зери сел монданд.
Ҳамаи сокинони зарардида ба макони амн кӯчонида шуданд ва бо манзили муваққатӣ, ғизо ва асбобу анҷоми зарурӣ таъмин шуданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






