Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шаванд
Хуҷанд, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати адлияи вилоят ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим иброз намуд, ки Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.
Сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Баҳовддин Турахонзода дар бораи Конститутсия ва хусусиятҳои он, тағйироти воридшаванда ва ҳизбҳои сиёсӣ гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф шудааст ва рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шаванд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд 923 участкаи интихоботӣ ташкил шуда, корҳои омодагӣ идома доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






