Сафири Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин эътимодномаҳо супорид
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ 17 май маросими супоридани эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Давлатзода ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин баргузор гардид.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин эътимодномаҳоро қабул намуда, П.Давлатзодаро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин табрик намуда, ба ӯ барои иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Точикистону Чин комёбиҳо таманно намуд. Сарвари давлати Чин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои нек ҳастанд ва байни ду кишвар ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Дар навбати худ, П.Давлатзода паёми гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо таманниёти нек ва шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Чин расонд ва вусъат ёфтани муносибатҳои байнидавлатиро баъд аз сафари давлатии сарвари давлати Чин ба Тоҷикистон таъкид кард.
П.Давлатзода зикр кард, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ҳамсоягиии накӯ, дӯстона ва ҳамкории судманд бо Чин аҳамияти хосса дода, муносибот бо Чин дар сиёсати хориҷии кишвараш мақоми афзалиятнок дорад. Бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ, дӯстии устувор ва муносибатҳои шарикии боъэтимоди Тоҷикистону Чин, рушди муназзами робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар нақши намоён доранд.
Аз рушди бонизом ва натиҷаи ҳамгироии ду кишвар дар соҳаи амният, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ташаббуси шоистаи Сарвари давлати Чин дар бораи эҷоди Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим ҷихати тақвияти минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар таъкид карда шуд.
П.Давлатзода арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои ҳамсоя ва мардумони дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






