Сангвор: қариб 90 ҳазор сомонӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ҷудо гардид
Сангвор, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Сангвор дар самти танзими муносибатҳои меҳнатӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар семоҳаи сипаригашта ба 21 нафар кумакпулии яквақтаина аз ҳисоби бақияи соли 2015 расонид, ки маблағи умумии он 13 ҳазор сомониро ташкил мекунад.
Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти шаҳрвандони бешуғл аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва бозгаштҳои бахши агентӣ барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ ба 24 нафар ба маблағи 86 ҳазору 900 сомонӣ қарзҳои бефоиз дода шудааст. Аз тарафи бахши мазкур дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таълимӣ оид ба бастани шартномаҳои дастаҷамъӣ ва қарздории музди меҳнат санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, ба онҳо ёрии методӣ расонида шуд ва то имрӯз 80 нафар шаҳрвандони бешуғл аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба курсҳои кўтоҳмуддат ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин дар анҷоми вохӯрӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки 22 майи соли равон дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро гузоранд.