Сарвари давлат ҷавонони деҳотро ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ даъват кард
Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ки имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Сарвари давлат гуфт, ҳарчанд ки тамоюли кам шудани ҷиноятҳо дар чаҳор моҳи охири соли равон аз ҳисоби ҷавонон ба мушоҳида мерасад, вале ин бояд боиси қаноатмандӣ нагардад.
Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2014-2015 ва чор моҳи соли 2016 — ум беш аз 13 ҳазор ҷинояти аз тарафи ҷавонон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 26 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат роҳбарони аввали мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки миёни ноболиғон ва ҷавонон корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунандаро вусъат бахшанд ва барои ба шуғл фаро гирифтани онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид кард, ки дар ин самт корро дар деҳот ҷоннок карда, барои ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд, бо мақсади ҳавасманд намудан ва рӯҳбаланд гардонидани ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо дар миёни онҳо бештар ба роҳ монда, иштироки фаъолашонро дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа таъмин гардонанд.
«Кам аҳаммият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд. Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудаанд. Аз ин ҳисоб 36 нафарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд», гуфт Пешвои миллат.
Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






