Сарвазири Қирғизистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни сафари худ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маросими расмии оғози сохтмони иншооти лоиҳаи CASA-1000 иштирок хоҳад кард.
Бино ба маълумоти шуъбаи таъмини иттилооти Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, дар доираи сафар ба Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Сооронбой Жээнбеков бо роҳбарияти Тоҷикистон ва Сарвазири Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба нақша гирифта шудаанд, ки зимни онҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ва Қирғизистону Афғонистон муҳокима мешавад.











Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






