Шӯрои уламои Тоҷикистон аввали моҳи шарифи Рамазонро 6-уми июни соли 2016 муайян кард

Май 30, 2016 09:33

Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонем, ки рӯзҳои 27-28-уми майи соли равон дар вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбарияти Кумитаи дин, мудирони шуъбаҳои оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои кишвар, Раёсати Маркази исломӣ, аъзои Шӯрои уламо ва сархатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд.
Дар баробари баргузории чорабиниҳои зикргардида 28-уми майи соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони шуъбаҳои оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои кишвар, раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Маркази исломӣ, аъзои Шӯрои уламо ва сархатибони масоҷиди кишвар ширкат доштанд.
Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.
Пас аз баррасии масоили ҷорӣ Шӯрои уламо чунин қарор қабул намуд:

1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон рӯзи душанбе 6-уми июни соли 2016 муайян карда шавад.

2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17400 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад.

3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 5 сомонӣ муайян карда шавад.

4. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

5. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

6. Тақвими тартибдодаи Маркази исломӣ тасдиқ карда шуда, барои рафъи нофаҳмиҳо нусхаи он ба тамоми масоҷиди кишвар, сомонаҳои расмии интернетӣ ва ширкатҳои мобилии ватанӣ ирсол дошта шавад.

Ҷаласаи Шӯрои уламо бо қабули қарорҳои мазкур ва бо дуои дастаҷамъонаи аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Май 30, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд