«Шашмақом» шоҳкориест, ки аз гузаштагон мерос мондааст
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Шашмақом» шоҳкориест, ки аз гузаштагон ба мо мерос монда, то ба имрӯз омада расидааст ва ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» таҷлил карда мешавад. Қобили зикр аст, ки соли 2003 дар сессияи 92- юми Созмони ЮНЕСКО «Шашмақом» ҳамчун мероси нодири фарҳангии ҷаҳон ва намунаи беназири мусиқии эҷодии анъанавии миллӣ пазируфта шуд.
Ба андешаи Хуршед Низомов, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз «Шашмақом»-и тоҷик рушд намуда, таваҷҷуҳи насли наврас низ ба он зиёд шуда истодааст.
Тибқи иттилои Хуршед Низомов ҷиҳати дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод тадбирҳо андешида шуда, якчанд озмун, аз қабили «Дурдонаҳои Шашмақом» баргузор гардиданд ва барои минбаъд пурра мақомхонӣ кардани самти фаъолияти баъзе аз мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки ансамбли «Шашмақом»-хонон бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнӣ соли 1949 таъсис дода шуд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ансамбли «Шашмақом»-хонон ва 1 ансамбли бачагона фаъолият мекунанд.
«Шашмақом» санъати қадимии халқи тоҷик буда, аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Устодони бузурги «Шашмақом» Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, ва Фазлиддин Шаҳобов ин санъати аҷдодиро ба адвор кашида, ба таври хаттӣ пешниҳод намуданд ва «Шашмақом» -ро аз нав зинда гардониданд.








Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






