Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд
Душанбе, 25.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх мулоқот намуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, зимни суҳбати судманду самимӣ Раиси Маҷлиси намояндагони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки ташрифи расмии Шуморо ба кишвари Тоҷикистон мо фоли нек пиндошта, изҳори умед мекунем, ҳамкориамон дар сатҳи парлумонҳои ҳарду кишвар тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо миёни ҳарду маҷлис сабаб мегардад.
«Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем. Мо иқдоми ҷониби Арабистони Саудиро дар мавриди таҳким ва тавсиа бахшидани ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи Давлатҳои Арабӣ мусбат ва зарурӣ арзёбӣ мекунем. Соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 588 ҳазор доллари ИМА расид. Албатта, ҳаҷми гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгў буда наметавонад», — тазаккур дод Ш. Зуҳуров.
Зикр гардид, ки бахши гидроэнергетика ва сармоягузории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш ба шумор меравад. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Саудӣ даъват намуд, ки дар татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ иштирок намояд. Ба оғози кори лоиҳаи CASA- 1000 бо иштироки чор давлат- Тоҷикистон, Покистон, Қирғизистону Афғонистон чанде пеш санги асос гузошта шуд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ, бо назардошти имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ва эҳтиёҷоти Афғонистону Покистон ба неруи барқи арзон ба ин соҳаи муҳими ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки то ҷойе огоҳӣ дорем, Арабистони Саудӣ мушкили оби ширину мусаффои ошомиданӣ дорад. Кишвари мо дорои захираҳои фаровони оби тоза аст, ки ҳама аз кўҳҳо ва чашмаҳо ибтидо мегирад. Ба назари мо ду кишвар метавонанд дар соҳаи содироти оби ошомиданӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намоянд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мо аз 9 санад иборат аст ва дар баррасии ду тараф лоиҳаҳои чанд созишнома қарор доранд. Изҳори умедворӣ менамоем, ки ин санадҳо бо кӯшишҳои ҳарду тараф дар наздиктарин фурсат ва шароити муносиб имзо хоҳанд шуд.
Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, омодагии мамлакати худро барои тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошта, гуфт, ки дар маҷлиси мо 150 депутат фаъолият доранд, ки аз он 30 нафараш зан аст. Дар маҷлиси мо шакли ҳизбият вуҷуд надорад. Дӯстии шоҳи мову президенти шумо намунаи ибрат аст.
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх таъкид намуд, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Саудиро тақвият бахшад, зеро дар сиёсати Саудӣ роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст. Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир шумораи бештари шаҳрвандони Саудӣ хоҳиши дидани Тоҷикистон ва ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла туризм изҳор менамоянд.
Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изофа кард, ки истеҳсоли навъҳои тар ва хушки меваҳо дар Тоҷикистон барои бахши хусусии иқтисоди Саудӣ мароқангез мебошад. Аз нигоҳи соҳибкорони Саудӣ, масъалаи асалпарварӣ ё боғдорӣ дар Тоҷикистон маблағгузориҳои чандон калонро тақозо намекунад ва дар ҳолати омода будани соҳибкорони тоҷик ҷониби Саудӣ метавонад дар рушди ин соҳаҳо иқдом кунад.
Раиси Маҷлиси Шўрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дар идомаи суҳбати худ аз Шукурҷон Зуҳуров даъват кард, ки дар вақти муносиб ба Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом диҳад.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






