Суғд: баргузории Спартакиадаи бонувон бахшида ба 25- солагии Истиқлолият
Хуҷанд, 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҳафтаи Рӯзи ҷавонон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ- Спартакиадаи бонувон ташкил карда шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ 260 нафар варзишгардухтарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Қувваозмоии бонувон аз рӯи се намуди варзишӣ волейбол, баскетбол ва тенниси рӯимизӣ сурат гирифта, дар як вақт дар се муассисаи варзишии шаҳри Хуҷанд варзишгоҳи Ҷашнӣ (аз рӯи намуди баскетбол), толори варзишии Коллеҷи тиббӣ (волейбол) ва толори варзишии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд (тенниси рӯимизӣ) гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулини шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти Кумита рӯи кор омада, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят буд.
Дар интиҳо бо ҷамъбасти холҳо дастаи шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал, дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷои дуюм шуда, ҷои сеюм ба дастаҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамен дода шуд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокдорони фаъол аз чониби роҳбарияти кумита бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






